Як ширкати ҳавопаймойии Русия муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт кард
(last modified Mon, 01 Nov 2021 05:24:37 GMT )
Ноябр 01, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Як ширкати ҳавопаймойии Русия муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт кард

Ширкати ҳавопаймои Иркутски Русия муҷаввизи анҷоми ду парвоз дар ҳафта ба Тоҷикистонро дарёфт кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости , Созмони ҳавопаймоии кишварии Русия муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистон барои ин ширкатро содир кард.

Ширкати ёдшуда акнун метавонад аз шаҳрҳои Архангелск,Брянск, Грозний ва Мурманск ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кулоби Тоҷикистон ҳафтае ду парвози рафту баргашт анҷом диҳад.

Мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Русия эълом кардаанд, ки бар асоси муҷаввизи Ситоди миллии муқобила бо корона дар моҳи октябри соли ҷорӣ шумори парвозҳо миёни ин кишвар ва Тоҷикистон афзоиш ёфт .
Гуфта мешавад, ки акнун наздик ба 50 парвоз миёни шаҳрҳои мухталифи Русия ва Тоҷикистон таи ҳар ҳафта анҷом мешавад.



Бештар бихонед :