Ноябр 01, 2021 15:22 Asia/Dushanbe
  • Талоши ширкати австриягӣ барои вуруди се маҳсӯл аз Тоҷикистон ба бозори Аврупо

Ширкати австриягии Hilfswerk Austia International талош барои ворид кардани се маҳсӯл аз Тоҷикистон ба бозорҳои “қорраи сабз”-ро оғоз кардааст

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ҷомтҷ, ин ширкат дар ҳоли мутобиқсозии зардолӯи хушки ноҳияи Ашт, лимони шаҳри Бохтар ва қурути ноҳияи Мастчоҳ бо стандартҳои бозори Аврупо мебошад .


Зардолӯи ноҳияи Ашт мавсӯм ба аштак ба унвони хушкмева ба бозорҳои аврупоӣ содир хоҳад шуд, ки намӯнаҳои он дар ҳоли озмоиш дар Австрия қарор дорад . Ҳамчунин лимони шаҳри Бохтар, яке аз беҳтарин навъҳои ин маҳсӯл дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки раванди мутобиқсозӣ бо стандартҳои аврупоиро тай мекунад .


Қурути хушки ноҳияи Мастчоҳ ҳам маҳсули беназир аст, ки ба унвони маҳсӯли дорои зарфияти содирот ба Аврупо баргузида шудааст . Ин қурут, маҳсули беназир аст, ки таркибу шеваи омодасозии он аз дигар манотиқи Тоҷикистон ба куллӣ фарқ мекунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп