Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон акнун дар Тоҷикистон ба сар мебарад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Восиқ Кабир-муовини собиқи волии Панҷшери Афғонистон гуфт : Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон акнун дар Тоҷикистон ба сар мебарад, аммо бархе авқот бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқе аз Афғонистон дидор мекунад .
Ба гуфтаи вай, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат талош мекунад то ҳимояти кишварҳоро дар муқобила бо Толибон ба даст биоварад.
Восиқ Кабир афзуд : Аҳмад Масъуд ба дунболи мутақоъид кардани кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо Толибон аст .Ӯ гуфт : Масъуд ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад, то тавваҷуҳро ба самти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷалби ҳимоят ба даст биоварад.
Вай ҳамчунин ба ин масъала ишора кард, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба дунболи азсаргирии набард ва муборизаи алайҳи Толибон аст .
Муовини собиқи волии Панҷшери Афғонистон изҳор кард: Ниманизомиёни Толибон контроли ниҳодҳои давлатӣ дар Панҷшер ва ҷодаҳои вилоятиро ба даст гирифтаанд . Воҳидҳои муқовимати миллии Афғонистон баъзе қароргоҳҳо дар кӯҳистонҳо ва соири манотиқи Панҷшер эҷод кардаанд ва ба зӯдӣ талош хоҳанд кард, то алайҳи " гуруҳи террористии Толибон " набардро аз сар бигиранд .
Муовини собиқи волии Панҷшер ҳамчунин ба ин нукта ишора кард ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони равобити хӯбӣ бо Тоҷикистон дорад ки кумакҳои асосиро ба мардуми Афғонистон дар набард бо толибон ироа мекунад .
Толибон дар паии хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон, 15 августи соли ҷорӣ контроли Кобулро ба даст гирифта ва дар паии он Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯри пешини Афғонистон аз кишвар гурехт. Толибон контроли тақрибан тамомии Афғонистонро ба даст гирифту ҳафтуми сентябр ، давлати муваққати ҷадидро эълом кард, ки ҳануз аз сӯи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст .