Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Nov 2016 07:17:05 GMT )
Ноябр 10, 2016 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон, дар бораи эҳтимоли вуқуъи ҳамалоти террористӣ ҳушдор додааст.

   Ба гузориши сойти сафорати Амрико дар Душанбе, ин сафоратхона дар баёнияе таъкид кардааст, ки иттилооти мавҷуд аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва заминасозӣ барои ҳамалоти террористӣ ҳикоят мекунад.

  Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ дар ин кишвар хостааст, ки аз сафари ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, худдорӣ кунанд.

  Дар ин баёния ҳамчунин ба шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон тавсия шудааст, ки ҷониби эҳтиётро риоят, кунанд то ҳадафи ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ қарор нагиранд.

  Баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар ҳоле мунташир мешавад, ки мақомоти амниятӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон дар марзи муштарак бо Тоҷикистон, аз оғози амалиёти густурдаи артиш ва неруҳои амниятии ин кишвар, алайҳи гурӯҳи Толибон дар ояндаи наздик хабар додаанд.

  Мақомоти амниятии Қундуз муддаӣ шудаанд, ки гурӯҳи Толибон қасд дорад бо дастзадан ба чанд амалиёти инҳирофӣ дар ин вилояти шимолии Афғонистон, аъзои худ аз ҷумла шаҳрвандон Осиёи Марказиро вориди қаламрави Тоҷикистон ва Узбакистон кунад.