Ибрози нигаронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз об шудани пиряхҳои табиӣ
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз об шудани пиряхҳои табиӣ дар кӯҳҳои кишвар бар асари тағйироти обу ҳавоӣ ибрози нигаронӣ кард.
Бар асоси эъломи мутахассисон 14 ҳазор пиряхи табиӣ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ҳудуди 1000 пирях дар ҳоли об шудан аст.
Ба гузориши «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти тасвирии ҷаҳонии обу ҳавоии Созмони Милал дар Гласко, об шудани пиряхҳои табииро фоҷеае донист, ки муҷиби хушксолӣ ва камбуди шадиди об мешавад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки тайи 10 соли ахир як сеюм аз ҳаҷми пиряхҳои ин кишвар ки 60 дарсад аз захоири оби минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад, коҳиш ёфтааст, ки идомаи ин раванд зиндагии миллионҳо нафарро ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Бештар бихонед:
- Об шудани пиряхҳои табиӣ тавлиди барқ дар Тоҷикистонро коҳиш додааст
- Нобудии 35 дарсад аз пиряхҳои Тоҷикистон