Иттиҳомоти ҷадид алайҳи фаъоли расонаҳои иҷтимоии Тоҷикистон
(last modified Thu, 04 Nov 2021 05:41:21 GMT )
Ноябр 04, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомоти ҷадид алайҳи фаъоли расонаҳои иҷтимоии Тоҷикистон

Парвандаи ҷадиде алайҳи фаъоли расонаҳои иҷтимоии тоҷик ташкил шуд.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт, Ҷунайдулло Худоёровро бар асоси "авбошӣ" (қисми сеи моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам кард, аммо Худоёров ин иттиҳомро беасос хонд.

Дар ҳоле, ки мақомот дар мавриди ин парванда тавзеҳи бештаре надодаанд, манобеи огоҳ мегӯянд, ки Худоёров муттаҳам ба даргирӣ бо хонаводаи гумонбарон дар куштори бародарзодааш, Алиризои 21-сола, аст.

Даъвогарон гуфтаанд, ӯ рӯзи 27-уми октябри имсол дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт бо истифода аз табар ба онҳо таҳдид кард. Худи Ҷунайдулло Худоёров иддаоро рад мекунад.

Самеъбой Фатҳуллоев, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт, боз шудани парвандаро нисбати Ҷунайдулло Худоёров тасдиқ кард. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир тафтиши ҳодиса ва рӯбарӯ кардани шоҳидон шуруъ шудааст. "Натиҷаи тафтиш нишон медиҳад, ки дар муноқишаи миёни намояндагони ду оила Ҷунайдулло Худоёров ҳузур дошт ё не".

Ҷунайдулло Худоёров гуфт, ӯро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия даъват карда, аллакай бо се шоҳид рӯбарӯ кардаанд: "Ин шоҳидҳоро хуб мешиносам. Дар муҳокимаи соли 2018 шоҳидии бардурӯғ дода буданд. Наздикони оилае ҳастанд, ки фарзандашон дар куштори додарзодаам, Алиризо, айбдоранд ва нисбати ду нафари онҳо бо моддаи 104, қисми 2 (куштор) парванда боз шудааст."

Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Рашт, моҳи июли имсол дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид.