Ноябр 04, 2021 11:43 Asia/Dushanbe
  • Дурнамои равобит меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Британия

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири Британия дар умӯри ҳамсоягӣ бо Аврупо ва Иёлоти муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ҳошияи Иҷлоси раҳбарони ҷаҳонии Конфронси иқлимии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Глазго дидори муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазир оид ба кишварҳои Аврупо, Амрико, Британия ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.

Мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

 

Барчасп