Истиқбол аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи "EXPO - 2020" Дубай
(last modified Sat, 06 Nov 2021 04:51:58 GMT )
Ноябр 06, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи

100 ҳазорнафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи "EXPO - 2020" дар Дубай боздид карданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Дар муддати як моҳи кори Намоишгоҳи байнулмилалии “ЭКСПО-2020” дар Дубай 100 ҳазор нафар гӯшаи Тоҷикистонро тамошо карданд. Ҳамарӯза аз гӯшаи Тоҷикистон зиёда аз 2500 нафар боздид намуда, рӯзҳои истироҳат шумори онҳо ба ҳудуди 8500 нафар мерасад.

Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии “ЭКСПО-2020” бо фарогирии мавзӯи “Об барои рушди устувор” пешниҳод шудааст.

Зиёда аз 50 нафар иштирокчиён: вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони бахши хусусӣ дастовардҳои худро дар шакли тарҳҳои намоишӣ ва намунаҳои маҳсулот муаррифӣ мекунанд.

Дар гӯша соҳаи гидроэнергетика, захираҳои об, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои шифобахши коркардшуда, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳайвоноти нодир ва ваҳшӣ ва ғайра муаррифӣ шудааст.

То имрӯз аз 185 кишвар ба тамошои намоишгоҳ омадаанд. Ҳудуди 25% аз шумори тамошогарони “ЭКСПО-2020” ҷавонони синни то 18-сола мебошанд.

Намоишгоҳи ҷаҳонии "EXPO - 2020" Дубай аз аввали октябри 2021 то 31 марти 2022 ба муддати 182 рӯз баргузор мешавад.