Ноябр 06, 2021 10:21 Asia/Dushanbe

Раиси ВМКБ аз мақоми худ барканор шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Алишер Мирзонобот ҷойгузини Ёдгор Файзов дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилоят Бадахшон гуфт, маросими муаррифии раиси ҷадид дар Хоруғ баргузор шуд.

Вай афзуд, дар маросими муаррифии раиси ҷадиди вилояти Бадахшон Асадуллоҳ Раҳмонзода, дастёри раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳузур дошт.

Сухангӯи волии Бадахшон ҳам гуфт, вазъияти ҷадиди Ёдгор Файзов ҳануз мушаххас нест.

Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков, Ризо Назарзода ҳам ба унвони шаҳрдори Хоруғ мансӯб шуд Назарзода токунӯн ноиби раиси Кумитаи варзиш ва ҷавонон будааст.

Алишер Мирзонобот, раиси ҷадиди вилояти Бадахшон, пеш аз ин шаҳрдори Хоруғ ва солҳо дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор мекард ва то соли 2018 муовини раиси ин кумита буд.

Ёдгор Файзов дар аввалин вокуниши худ пас аз барканорӣ гуфт, тамоми талошамро барои анҷоми маъмурият анҷом додам.

 

Барчасп