Ноябр 06, 2021 14:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 8 дарсадии тавлиди тилло дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз афзоиши 8 дарсадии тавлиди тилло дар ин кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти ин вазорат эълом карданд, ки тавлиди тилло дар ин кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл афзоиши 8.5 дарсадӣ доштааст.

Ҳарчанд, ки ба далели маҳрамона будани мизони тавлиди тилло дар Тоҷикистон миқдори дақиқи он эълом нашудааст, аммо манобеи хабарии ин вазоратхона пеш аз ин гуфта буданд, ки тайи солҳои 2014 то 2019, истихроҷи тилло аз 2 тон ба 8 тан расидааст.

Дар Тоҷикистон 137 маъдани тилло шиносоӣ шудааст, ки “Зарафшон”, “Покрӯд” ва “Талко Голд” аз бузургтарин онҳо аст, ки бо мушорикати молӣ ва таҷҳизотии ширкатҳои чинӣ истихроҷ мешавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп