Муҳоҷирати муаллимони вилояти Хатлон
(last modified Sun, 07 Nov 2021 09:18:25 GMT )
Ноябр 07, 2021 14:18 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирати муаллимони вилояти Хатлон

Шуморе аз муаллимони вилояти Хатлон аз Тоҷикистон муҳоҷират карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, 311 омӯзгори муассисоти таълимии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Тоҷикистон шуғли худро тарк ва 241 нафар низ аз кишвар муҳоҷират карданд .

Раҳматуллоҳ Зубайдуллоев-мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон гуфт : 30 нафар аз ин теъдод муаллим зан ҳастанд.
Вай поин будани маош, гаронии маводи ғизойӣ ва боло будани иҷораи манзил ва надоштани хонаи шахсиро аз далоили тарки шуғлу муҳоҷирати муаллимони ноҳияи Ёвон эълом кард .
Ба гуфтаи Зубайдуллоев тарки шуғлу муҳоҷирати омӯзгорон сабаби камбуди муаллим дар марокизи омӯзшии ноҳия шудааст .