Мушкили камбуди газ дар Тоҷикистон, аз истихроҷ то воридот
Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ба далели гарон шудани қимати сӯхт дар ин кишвар, ваъда додаанд, ки акнун талошҳо барои ҷойгузин кардани гази мойеъ ба гази табиӣ оғоз шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мутахассисон муътақиданд, бо вуҷуди ба маротиб арзонтар будани қимати гази табиӣ аз қимати ҳар литр бензин, солярка ва гази мойеъ, ҳалли ин мушкил аз ҳисоби воридот аз Узбакистон ва истихроҷи дохилӣ душвор хоҳад буд.
Маҳмуд Бердиев, маъданшиноси тоҷик, ки солҳо дар бахши иктишофи нафту газ дар Тоҷикистон фаъолият кардааст, мегӯяд: “Умқи нафт ва газ дар Тоҷикистон 8 то 9 ҳазор метр мебошад ва ҳатто амиқтарин чоҳе, ки ширкати “Газпром”-и Русия дар ноҳияи Шаҳри Нав зад, 6 ҳазору 500 метр аст, ки дар Осиёи Марказӣ бесобиқа арзёбӣ мешавад. Аммо газе пайдо нашуд ва ширкатҳои чинӣ, канадаӣ ва фаронсавӣ низ ба далели аз нигоҳи иқтисодӣ басарфа набудани истихроҷи нафту газ дар ҷануби Тоҷикистон аз ин кишвар рафтанд. Аз ин рӯ, чигунагии таъмини гази табиӣ ба ҷои гази мойеъ аз ҳисоби воридот аз Узбакистон низ замонбар хоҳад буд, ки дар дохили ин кишвар камбуди газ мушоҳида мешавад”.
Ин дар ҳоле аст, ки акнун дар Тоҷикистон қимати ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 то 11 сомониву 80 дирам, сӯхти дизелӣ аз 11 сомониву 40 то 11 сомониву 70 дирам ва қимати гази мойеъ ба 7 сомониву 80 дирам расидааст, ки дар муқоиса бо 15 рӯз қабл 30 то 50 дирам афзоиш ёфтааст.
Афзоиши бесобиқаи қимати сӯхт мӯҷиби гаронии нархи маҳсулот ва хадамоти ҳамлунақл дар Тоҷикистон шудааст.
Бештар бихонед: