Афзоиши нархи кирояи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2021-11-10T11:40:11+00:00 )
Ноябр 10, 2021 16:40 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи кирояи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон

Нархи кирояи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Аз чаҳоршанбеи 10 ноябри соли ҷорӣ кирояи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе афзоиш ёфт.

Ин афзоиши кироя ба далели гарон шудани қимати сӯхт дар Тоҷикистон аст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, акнун кирояи роҳ барои ҳар мусофири автобус 1 сомониву 80 дирам бо корт, 2 сомониву 50 дирам нақдӣ, автобусҳои барқӣ 1 сомониву 50 дирам бо корт, 2 сомонӣ нақдӣ ва минибусҳо 2 сомониву 50 дирам таъйин шудааст.

Ширкати Хадамоти нақлиёти ҷамъиятии шаҳрдории Душанбе эълом кард, кирояи роҳи таксиҳо барои ҳар километр 3 сомонӣ муқарар шудааст.

Масъулини ширкат таъкид карданд, ки тайи 10 соли ахир қимати ҳар литр сӯхт 110 дарсад, барқ 110 дарсад ва қатаоти мошин 300 дарсад гарон шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки акнун дар Тоҷикистон қимати ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 то 11 сомониву 80 дирам, сӯхти дизелӣ аз 11 сомониву 40 дирам то 11 сомониву 70 дирам ва қимати гази мойеъ ба 7 сомониву 80 дирам расидааст.

 

Бештар бихонед: