Самбокорони тоҷик дар роҳи мусобиқоти ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76672-Самбокорони_тоҷик_дар_роҳи_мусобиқоти_ҷаҳонӣ
7 самбокори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Узбакистон ширкат мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 10, 2021 15:02 Asia/Dushanbe
  • Самбокорони тоҷик дар роҳи мусобиқоти ҷаҳонӣ

7 самбокори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Узбакистон ширкат мекунанд.

Ба гузориши шабакаи “Варзиш”-и Тоҷикистон, мусобиқоти ҷаҳонии самбо аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор мешавад.

Ин аввалин давраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо хоҳад буд, ки дар он нафароти бартари 7 вазн мушаххас мешавад.

Камолиддин Каримов (58 килограм), Хушқадам Хусравов (64 килограм), Муҳаммадсаид Раҷабов (71 килограм), Ҳамроз Раҷабов (79 килограм), Зафар Олимшоев (88 килограм), Фирдавс Насимзода ( + 98 килограм) ва Хуршед Маҷидов (+100 килограм ) 7 варзишкори тоҷик ҳастанд, ки дар ин мусобиқот ширкат хоҳанд кард.