Рӯзҳои беравнақи театри Тоҷикистон
(last modified Wed, 10 Nov 2021 14:30:52 GMT )
Ноябр 10, 2021 19:30 Asia/Dushanbe

Ҳунармандони тоҷик аз истиқболи ками мардум аз тамошои театр гиламанд ҳастанд.

7 ноябр Театри Тоҷик 92 сола шуд. Тайи солҳои гузашта театр дар Тоҷикистон ба сурати арӯсакӣ ва наққолӣ роиҷ буд, аммо шакли аврупоии театр дар Тоҷикистон ба ташкили Шуравӣ марбут мешавад.

Нахустин гурӯҳи театри ҳирфаии аврупоӣ соли 1929 дар шаҳри Душанбе таъсис шуд ва ҳамакнун ин театр бо номи Абулқосими Лоҳутӣ фаъолият мекунад.

Тайи солҳои 1932 то 1937 театрҳои ҳирфаӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва ҳунармандони тоҷик осори намоишие чун осори Шекспир, Коваи Оҳангар, Рустам ва Сӯҳробро рӯйи саҳна оварданд.

Садои теъдоде аз сокинони шаҳри Душанбе ва Абдулмуъмин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов ва Қонеъҷон Оламов, аз ҳунармандони тоҷикро дар ин бора мешунавед: