Ноябр 11, 2021 14:01 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Порис дидор карданд.

Ба навиштаи сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 10 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов барпо гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, хусусан ЮНЕСКО, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Барчасп