Ноябр 13, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Гази табиӣ дар ҷойгоҳҳои сӯхти Тоҷикистон дар оғози соли 2022 пайдо мешавад

Бахши хусӯсии Тоҷикистон кори ҷойгузин кардани гази табиӣ ба гази моеъ дар ҷойгоҳҳои сӯхтгириро оғоз кардааст, ки имкони истифода аз ин навъи сӯхт дар оғози соли 2022 фароҳам хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мутахассисон муътақиданд, ки мавзӯи муҳим дар ин маврид, дарёфти гази табиӣ ва нархи содиротии он аз Узбекистон мебошад, зеро агар ҳукумати Узбекистон нархи ҳар якҳазор метри мукааби гази воридотӣ аз ин кишварро 175 доллар таъйин кунад, ки дар вилояти Суғд ва корхонаи алюминий истифода мешавад, метавон ба муваффақ будани ин барнома умедвор буд. Аммо ҷойгоҳҳои сӯхти Тоҷикистон акнӯн бояд бо насби таҷҳизот барои дарёфти гази табиии Узбекистон омода шаванд, ки интиқоли он 10 сол қабл қатъ шуда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки акнӯн нархи ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 то 11 сомониву 80 дирам, салярка аз 11 сомониву 40 то 11 сомониву 70 дирам ва қимати гази моеъ ба 7 сомониву 80 дирам расидааст, ки дар муқоиса бо моҳи октябр афзоиши 43 то 50 дирам афзоиш ёфтааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп