Вазорати хориҷаи Тоҷикистон пайгири шаҳрванди боздоштшудаи ин кишвар ба дархости Қирғизистон
(last modified Sat, 13 Nov 2021 10:33:16 GMT )
Ноябр 13, 2021 15:33 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Тоҷикистон пайгири шаҳрванди боздоштшудаи ин кишвар ба дархости Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки пайгири қазияи боздошти Диловар Ҷӯраев, сокини ноҳияи Исфара дар шаҳри Новосибирски Русия ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон мебошад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти ин вазорат гуфтаанд, ки аз тариқи Консулгарии Тоҷикистони дар Новосибирск ва сафорати ин кишвар дар Маскав ба дунболи озодии ин фард ҳастанд, ки шаҳрвандии дугонаи Русия ва Тоҷикистонро дорад.

Вай рӯзи 8 ноябр соли ҷорӣ аз сӯи кормандони полиси шаҳрии Новосибирски Русия ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон ба иттиҳоми мушорикат дар низоъи марзӣ бо қирғизҳо боздошт шудааст.

Мақомоти  полиси Русия 8 январи соли ҷорӣ низ дар фурудгоҳи Маскав вайро ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт карда буданд, ки пас аз таҳқиқ ва ба далели доштани тобеияти русӣ озод шуд, ки ду бора дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил шудааст.

Мақомоти қазоии Қирғизистон алайҳи 25 нафар аз сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, ки дар Русия басар мебаранд ба иттиҳоми мушорикат дар низоъи марзӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил карда ва хостории истирдоди онон шудаанд.

Аммо бастагони ин афрод муддаиянд, ки ин иттиҳомот беасос мебошад ва аксари онон дар замони даргириҳои марзӣ миёни тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Тоҷикистон ҳузур надоштаанд.

Бештар бихонед: