Ноябр 14, 2021 11:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон

Вазири иқтисоди Эрон бар фароҳам овардани муқаддамоти афзоиши сатҳи равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба сатҳи 500 миллион евро таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ Шамсиддинзода- сафири кишвари Тоҷикистон дар Теҳрон бо Сайидэҳсони Хондӯзӣ-вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон мавзӯъоти мухталиф дар хусӯси равобити дуҷонибаи ду кишвар ба вижа пас аз сафари торихӣ ва боаҳамияти раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон ба унвони аввалин сафари хориҷии вай баррасӣ ва табодули назар шуд.

Хондӯзӣ низ дар ин мулоқот бо ишора ба иҳтимоми Эрон нисбат ба тавсеъаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳавзаи тамаддунии Ҷумҳурии исломии Эрон бар зарурати барномарезӣ барои тавсеъаи ҳамкориҳои дарозмуддат дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон таъкид кард.

Бар асоси ин гузориш муқарар шуд дар мулоқотҳои баъдии мақомоти олии ду кишвар мавзӯъоте ҳамчун имзои ёддошти тафоҳумҳои ҳамкории фаннӣ ва иқтисодӣ, ки дар сафари ахири раёсати ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ироа гардид, дар дастури кор қарор гирад .

 

Барчасп