Дархости ҳабси тӯлонимуддат барои қочоқчиёни маводи мухаддир
(last modified Sun, 14 Nov 2021 07:48:27 GMT )
Ноябр 14, 2021 12:48 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳабси тӯлонимуддат барои қочоқчиёни маводи мухаддир

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз додгоҳ барои як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддир хост судӯри ҳукми зиндони тӯлонимуддат кардааст.

Намояндаи Дододстонии кулли Тоҷикистон аз додгоҳ барои 6 нафар аз аъзои як гурӯҳи қочоқчӣ ба ҷурми қочоқи 473 кило маводи мухаддир аз 20 то 30 сол дархости зиндон кардааст.

Ба гузориши сомонаи ТопТҷ, фарде ба номи Азизуллоҳ хонасоз саркардаи ин гурӯҳи 6 нафарӣ муаррифӣ шудааст, ки яке аз онон шаҳрванди Узбекистон аст.

Ба гуфтаи мақомоти полиси Тоҷикистон, ҳангоми дастгирӣ аз ин афрод 79 килограм героин, 169 килограм тарёк ва 225 килограм хашхош кашфу забт шудааст.

Арзиши ин миқдор маводи мухаддир 6 миллиондоллар эълом шуд.

Мақомот таъкид кардаанд, ки гурӯҳи ёдшуда чанд соле аст, ки маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ қочоқ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Азизи хонасоз саркардаи ин гурӯҳ дар соли 2005 низ дар Русия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба зиндон маҳкӯм шуда буд.

Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳи 6 худрав ба қиммати 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ, хона ва дигар амволи ин гурӯҳ ба арзиши молии 50 миллион сомонӣ ҳам тавқиф шуд.