Ноябр 14, 2021 13:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости қазоии мақомоти Тоҷикистон аз Қирғизистон

Додситони кулли Тоҷикистон аз мақомоти Қирғизистон дархост кард, ки аз шаҳрванди боздошт шудаи тоҷик дар Русия рафъи иттиҳом кунад.

Ба гузориши сомонаи додситонии кулли Тоҷикистон, мақомоти ин ниҳод ҳамчунин аз додгустарии Русия хостанд, ки Диловар Ҷураев сокини ноҳияии Исфара, ки шаҳрванди дугонаи Русия ва Тоҷикистон дорад ва ба дархости Қирғизистон боздоштшударо озод кунад.

Вай ки 52 сол дорад аз 8 ноябри соли ҷорӣ аз суи кормандони пулиси шаҳри Новосибирски Русия ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон ба итиҳоми мушорикат дар давои марзӣ бо қирғизҳо боздошт шуда аст.

Мақомоти пулиси Русия 8 январи соли ҷорӣ низ фурудгоҳи Маскавро ба итиҳоми мушобеҳ боздошт карда буданд, ки пас аз таҳқиқ ва ба далели доштани тобеъияти Русия озод шуд, аммо дубора  дастгир ва ба боздоштгоҳи мувақат мунтақил шуда аст.

Мақомоти қазоии Қирғизистон бар зиди 25 сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, ки дар Русия ба сар мебурданд ба итиҳоми мушорикат дар даъвои марзи парвандаи қазоӣ, ташкил дода ва хостор истирдоди онҳо шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп