Хатари истирдоди вакили мудофеъи ҳуқуқии тоҷик аз Русия
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи ҳуқуқи тоҷик дар Русия мудаъӣ аст, ки мақомоти вазорати дохилаи Тоҷикистон талош доранд вайро ба Душанбе истирдод кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, вай такид кардааст, ки ба ин манзур музокирот миёни ин мақомот бо вазорати дохилаи Русия оғоз шудааст.
Аммо як манбаъ аз вазорати дохилаи Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст, ки иттиҳоми Шуҳрат Қудратов ҳамкорӣ бо гуруҳои мухолифи давлати ин кишвар дар хориҷ мебошад.
Шуҳрат Қудратов дар соли 2014 ба иттиҳоми решвахорӣ боздошт ва дар моҳи январи 2015 яке аз додгоҳои шаҳри Душанбе вайро ба 9 сол зиндо маҳкум кард.
Баъдан Додгоҳи олли Тоҷикистон ҳукми Қудратовро тағир ва то 3 солу 8 моҳ коҳиш дод, ки бар асоси қонуни авфи умумӣ озод шуд ва дар Русия ба фаъолияти вакилии мудофеъаи ҳуқуқ машғул мебошад.
Вай донишомӯхтаи Донишгоҳи вазорати дохилаи Русия дар шаҳри Омск мебошад ва шаҳрвандии ин кишварро низ дорад. Аммо моҷарои лағви шаҳрвандии Изат Амон, вакили мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик, истирдоди вай ба Душанбе ва ба 9 сол зиндон маҳкум шуданаш нишон дод, ки шиносномаи Русия наметавонад сабаби дар амон мондани тоҷикҳо шавад.