Ноябр 15, 2021 12:41 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз раванди сохти майдони Истиқлол дар шаҳри Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамроҳи раисони Маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон ва нахуствазири ин кишвар бо раванди сохти майдони Истиқлол дар шаҳри Душанбе ошно шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, сохти ин майдон ба унвони бузургтарин маркази таҷаммуъоти сиёсии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2020 оғоз шуд ва ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Масоҳати умумии майдони Истиқлол 30 гектар мебошад, ки дар наздикии хиёбонҳои Рудакӣ, Сайид Носир ва Ҳабиб Аҳрории пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст ва барои тазйини он то ба ҳол беш аз 5 ҳазор ниҳол кошта шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамроҳи раисони Маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон ва нахуствазири ин кишвар пас аз ошноӣ бо раванди сохтусози майдони Истиқлол иқдом ба кошти ниҳол дар ин макон кард.
Гуфта мешавад, ки ин дарахтон дар шароити Тоҷикистон метавонанд наздик ба ҳазор сол умр кунанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп