Маскав яке аз ҳамкорони вакили мудофеи коргарони муҳоҷири тоҷикро боздошт кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76886-Маскав_яке_аз_ҳамкорони_вакили_мудофеи_коргарони_муҳоҷири_тоҷикро_боздошт_кард
Афроди наздик ба Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони Иззат Амон, вакили мудофеи зиндонии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз боздошти вай хабар доданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Ноябр 15, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Маскав яке аз ҳамкорони вакили мудофеи коргарони муҳоҷири тоҷикро боздошт кард

Афроди наздик ба Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони Иззат Амон, вакили мудофеи зиндонии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз боздошти вай хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи ТопТҷ, ин афрод гуфтаанд, ки Эгамов ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон боздошт шуда ва акнун эҳтимоли истирдоди вай ба Душанбе вуҷуд дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки аз теъдоде аз ҳамкорони Иззат Амон дар маркази мушовираи ҳуқуқии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия хоста шуда аст, ки довталабона ба Тоҷикистон баргарданд.

Иззат Амон, вакили мудофеи ҳуқуқии коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар баҳори соли ҷорӣ дар Маскав ба иттиҳоми нақзи қонуни корӣ ва муҳоҷиратии Русия боздошт ва шиносномаи шаҳрвандии русии вай низ лағв шуд.

Акнун фишор ба ҳамкорони вай дар маркази мушовираи ҳуқуқии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия афзоиш ёфта ва ба теъдоде аз онҳо пешниҳод шудааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

 

Бештар бихонед: