Ноябр 16, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи истихроҷи тило аз конҳои ноҳияи Айнӣ барои ширкати чинӣ

Ширкати чинии TBEA муҷаввизи истихроҷи тило аз ду кон дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба даст овард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, ин ширкати чинӣ дар ҳоли ба поён расонидани сохти корхонаи истихроҷи кони тило дар ду минтақаи Кумарғи боло ва Дуоба, дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст.

Қарор аст амалиёти истихроҷ аз ин конҳо соли 2022 оғоз шавад.

Гуфта мешавад, ки ширкати чинии ТВЕА то замони ҷуброни ҳазинаи 349 миллиондолларии хеш барои сохти маркази гармоишии Душанбе - пойтахти Тоҷикистон, ба истихроҷи тило аз ин ду кон дар шимоли ин кишвар идома хоҳад дод.

Ба гуфтаи коршиносони ширкати чинии ТВЕА, захоири шиносоишудаи тило дар ин ду кон ҳудуди 117 тон аст.

Ин ширкат дар дохили кӯҳистонҳои ноҳияи Айнӣ шаҳракеро барои зиндагӣ ва фаъолияти 400 коргар дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи дарё сохта ва тамоми шабакаҳои барқ ва обу роҳи 21 километрии мавриди ниёзро низ бунёд кардааст.

 

Барчасп