Ноябр 16, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Рушди Осиё

Нахуствазири Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Осиёи Марказӣ ва ғарбӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши "Ховар" дидори Қоҳир Расулзода ва Евгений Жуков дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор такид шуд, ки дар ҳоли ҳозир бо кумаки молии Бонки Рушди Осиё 19 тарҳ дар заминаҳои ҳамлунақл, энергетика, дармон ва беҳдошт, омузишу парвариш ва кишоварзӣ иҷро мешавад. Тарафҳо ҳамчунин бар зарурияти идомаи кумакҳои молии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои муқобила бо паёмадҳои бемории Ковид-19 такид карданд.

Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва ин бонк то кунун беш аз ду миллиард ба Тоҷикистон кумак карда аст, ки як миллиарду 400 миллиони он ройгон аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп