Ноябр 11, 2016 19:14 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Бонки Рушди АвруОсиё барои бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи “Норак”

Бонки Рушди АвруОсиё мунтазири дарёфти дархости ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии “Норак” аст.

Ба гузориши “Авесто”, Дмитрий Понкин, мудири кулли Бонки Рушди АвруОсиё таъкид кардааст, ки ин ниҳоди молии минтақаӣ дар ҳоли баррасии тарҳи мушорикати молӣ дар бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии “Норак” аст.

Понкин афзуд, Бонки Рушди АвруОсиё мунтазири дарёфти дархости расмии давлати Тоҷикистон аст то бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ саҳми худро дар ин маврид эълом кунад.

Қаблан мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон аз музокира бо Бонки Рушди АвруОсиё, Бонки Рушди Осиё, Бонки Рушду Бозсозии Аврупо, Бонки Сармоягузории Зербиноии Осиё, Бонки Рушди АвруОсиё барои ҷазби сармояи ин ниҳодҳо дар тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии “Норак” хабар дода буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин ду турбин аз 9 турбини нерӯгоҳи обии “Норак”-ро бо қадимияти беш аз 40 сол иваз кард. Эълом шуда буд, ки барои бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ба 600 миллион доллар сармоя ниёз аст.

Ин нерӯгоҳ бо тавони тавлиди беш аз 3 ҳазор мегават барқ бо садде 300 метрӣ, дар 110 километрии шарқи Душанбе воқеъ шудааст.

Садамаи ахири нерӯгоҳи обии “Норак”, ки муҷиби қатъи барқи саросарӣ дар Тоҷикистон шуд, мақомоти давлатиро бар он водоштааст то дар бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ суръат бахшанд.