Ноябр 16, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Озодии шаҳрванди тоҷик дар Русия ба дар хости Қирғизистон

Додситони кули Тоҷикистон аз озодии шаҳрванди боздошт шудаи тоҷик дар Русия ба дархост аз мақомоти Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти ин ниҳод ҳамчунин аз додгустарии Русия барои мусоидат дар озодии Диловар Ҷураев, сокини ноҳияи Исфара, ки шаҳрванди Русия ва Тоҷикистонро дорад ва ба дархости Қирғизистон боздошт шуда буд ибрози ташаккур карданд.

Вай, ки 52 сол дорад аз 8 ноябри соли ҷорӣ аз сӯи кормандони шаҳри Новосибирски Русия ба дар хости мақомоти қазоии Қирғизистон ба итиҳоми мушорикат дар даъво бо қирғизҳо боздошт шуда аст.

Мақомоти пулиси Русия 8 январи соли ҷорӣ низ дар фурудгоҳи Маскав вайро ба итиҳоми мушобеҳ боздошт карда буданд, ки пас аз таҳқиқ ва ба далили доштани шаҳрвандии Русия озод шуд, аммо дубора дастгир ва ба боздоштгоҳи мувақат мунтақил шудааст.

Мақомоти қазоии Қирғизистон бар зиди 25 нафар аз сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, ки дар Русия ба сар мебаранд ба иттиҳоми мушроикат дар даъвои марзӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил дода ва хостори истирдоди онҳо шуда аст.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин аз мақомоти қазоии Қирғизистон дархост карда аст, ки парвандасози бар зиди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба баҳонаҳои мушорикат дар даъвоҳои марзӣ даст бардорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп