Ҳимояти молии Бонки Рушди Осиё аз тарҳҳои роҳсозӣ ва энержии Тоҷикистон
(last modified Wed, 17 Nov 2021 12:00:49 GMT )
Ноябр 17, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти молии Бонки Рушди Осиё аз тарҳҳои роҳсозӣ ва энержии Тоҷикистон

Намояндаи Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфт: Ин ниҳоди молӣ дар соли 2022 аз тарҳҳои роҳсозӣ ва энержии Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», Евгений Жуков ин матлабро дар дидор бо Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе эълом кард.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки дар ҳоли ҳозир бо кумаки молии БРО 19 тарҳ дар замининаҳои ҳамлунақл, энергетика, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ иҷро мешавад. Тарафҳо ҳамчунин бар зарурати идомаи кумакҳои молии ройгони БРО дар Тоҷикистон барои муқобила бо паёмадҳои бемории Ковид - 19 таъкид карданд.

Ба гуфтаи намояндаи БРО дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ бо вуҷуди пешрафтҳои Тоҷикистон, тайи солҳои ҳамкорӣ бо ин ниҳоди молӣ, ҳанӯз ҳам мушкилоти иқтисодии ношӣ аз паёмадҳои бемории Ковид- 19 мушоҳида мешавад, ки ду тараф барои рафъи ин мушкил барои солҳои 2021 то 2025 барномарезӣ кардаанд.

 

Бештар бихонед: