Коҳиши захоири оби садҳои Тоҷикистон
Сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кард, буҳрони камбуди барқ дар кишвар ношӣ аз коҳиши захоири об дар пушти садҳо аст.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», Нозир Ёдгорӣ гуфт, ба далели коҳиши шадиди бориши борону барф тайи ду соли охир захираи оби пушти садҳои Тоҷикистон барои таъмини барқи мавриди ниёзи кишвар дар фасли сармо кифоят намекунад.
Вай таъкид кард, ки захоири оби садди Норак ба унвони бузургтарин нерӯгоҳи тавлиди барқи Тоҷикистон, фақат барои як сол кифоят мекунад ва то замони такмили сохти нерӯгоҳи Роғун кишвар ҳамчунон дар зимистон камбуди барқ дорад.
Дар Тоҷикистон 30 сол қабл ва дар оғози истиқлоли ин кишвар солона 17 миллиард киловатт соат барқ тавлид мешуд, ки акнун ин мизон ба 21 миллиард киловатт соат расидааст.