Таҳвили 370 ҳазор дози воксани карона ба Тоҷикистон
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз дарёфти маҳмӯлаи ҷадиди воксани карона хабар дод.
Ба гузориши Сомонаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона аз дарёфти ҳудӯди 370 ҳазор дози воксани карона, хабар доданд.
Бано бар ин гузориш, маҳмӯлаи ҷадид шомили 192 ҳазор дози воксани AstraZeneca ва 117 ҳазор дози воксани Pfizer дар чорчӯби меканизми COVAX ва барномаи тавзиъи одилонаи воксани карона, дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода шудааст.
Илова бар ин, Латвия ба унвони кумаки башардӯстона ба Тоҷикистони 60 ҳазор дози воксани AstraZeneca ирсол карда аст.
Ситоди пешгирӣ аз шуюъи вируси ҳамагир дар Тоҷикистон рӯзи 3 июли имсол дар мавриди ваксинаи иҷбории шаҳрвандони 18 сол ба болои ин кишвар хабар дода буд.
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид19 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
- Воксани эронии «Розӣ Ковпорс» 9 то 12 моҳ эминизоӣ дорад
- Ваксинаҳои эронии карона асарбахшии бисёр қобили қабуле доранд
Бинобар гузориши ин ниҳод, то 12 ноябри соли 2021, 47.3 дарсад (беш аз 2.75 миллион нафар) аз ҷамъияти ин кишвар дози аввали воксанро дарёфт кардаанд.
Ниҳоди мазкӯр теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки токунӯн ду дози воксан дарёфт кардаандро беш аз 2. 26 миллион нафар (ҳудӯди 39 дарсад) эълом карда аст.
Аз 29 август дар саросари Тоҷикистон дар маҷмӯ 7 мавриди ҷадиди ибтило ба карона сабт шудааст.
Бинобар омори Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали ҳамагирии карона токунӯн дар Тоҷикистон бо ҷамъияти 9. 6 миллион нафарӣ, 17 ҳазору 91 мубтало сабт шуда, ки аз ин миён 16 ҳазору 965 ( 99. 2 дарсад ) аз онҳо беҳбуд ёфтаанд.
Теъдоди афроди ҷонбохта бар асари бемории ҳамагир дар саросари Тоҷикистон 124 нафар эълом шуда аст