Ноябр 18, 2021 10:30 Asia/Dushanbe
  • Мухтал шудани фаъолияти фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар пайи бориши шадиди барф

Ба далели бориши барфи шадид ва коҳиши дид дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон, ҳавопаймои ширкати миллии Узбекистон натавонист дар ин ду шаҳр фурӯд биёяд.

Ҷамила Ҳусайн, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе эълом кард, ки ҳавопаймои ширкати Узбекистон натавонист дар фурудгоҳҳои пойтахти Тоҷикистону шаҳри Хуҷанд фурӯд ояд ва маҷбур шуд дубора ба Узбекистон баргардад.

Ин ҳавопаймо мебоист дар масири рафту баргашти Тошканд–Душанбе–Тошканд мусофиронро мунтақил кард, ки ба далели номусоид будани вазъи ҳаво ва коҳиши дид дубора роҳии Узбекистон шуд.

Сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъкид кардааст, ки танҳо дар сӯрати беҳбуди вазъи ҳаво имкони фурӯд омадани парвозҳои вурӯдӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон вуҷӯд хоҳад дошт. Бар асоси гузориши Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 18 ноябри соли ҷорӣ бориши шадиди барф дар ин кишвар пешбинӣ шудааст, ки акнун шаҳри Душанбе сафедпӯш шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп