Ноябр 11, 2016 20:52 Asia/Dushanbe

Ҳукумати Тоҷикистон дар авоили имсол дастури таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсиониро содир кард, ки бо эҷоди ин марказ ҳамакнун тамоми иртиботи ин кишвар бо хориҷ аз тариқи ҳамин марказ сурат мегирад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамакнун аз 10 миллион симкорти фурӯхташудаи ширкатҳои мобилӣ дар ин кишвар, наздики 5 миллион симкорт фаъол аст.

Ҳамчунин бар пояи охирин омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумори истифодакунандагони интернет дар Тоҷикистон ба 2 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад, ки бар ин асос аз ҳар 100 нафар 34 тан аз интернет истифода мекунанд.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ гузориш медиҳад.