Тоҷикистон раводид барои шаҳрвандони арабистониро лағв кард
Ноябр 19, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон аз лағви раводид барои шаҳрвандони арабистонӣ барои сафарҳои камтар аз 30 рӯза хабар дод.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз бо интишори баёнияе эълом кард, ки бо тавваҷуҳ ба равобити дӯстонаи ду кишвар ва иҳтимоми Тоҷикистон ба густариши равобит бо Арабистон дар ҳамаи арсаҳо, шаҳрвандони Арабистон барои сафари камтар аз 30 рӯза ба Тоҷикистон ниёз ба дарёфти раводид надоранд.
Ин тасмим аз ҷониби ҳайати давлати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Бештар бихонед:
- Баррасии тавофуқномаи сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар Парлумони Тоҷикистон
- Лағви раводиди Тоҷикистон барои 52 кишвар
Барчасп