Интиқоли фанноварии пардозиши арзи диҷиталӣ ба Тоҷикистон
(last modified Fri, 19 Nov 2021 16:46:36 GMT )
Ноябр 19, 2021 21:46 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли фанноварии пардозиши арзи диҷиталӣ ба Тоҷикистон

Як ширкати фанноварии мустақар дар Ҳонг Конг эълон кард, ки санадеро дар бораи сохтани зербунёди лозим барои коркарди арзи диҷиталӣ, аз ҷумла Биткоин дар Тоҷикистон имзо кардааст.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, «Лайон Ҳолдинг Груп” бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 18-уми ноябр эълом кард: Ёддошти ҳусни тафоҳум бо ширкати таҳти “Ню Фулл Рич” имзо шудааст, ки молики ширкати “Ганҷ Технолоҷи” дар Тоҷикистон аст.

Бар асоси ин санад, ду тараф ба Тоҷикистон технологияву компютерҳои қавии лозим барои коркарди арзи ё пули диҷиталӣ меоранд ва насб мекунанд.

Қарор аст, ин тарҳ дар семоҳаи аввали соли оянда иҷро шавад ва даромади солонаи он на камтар аз 25 миллион доллар хоҳад буд.

“Ню Фулл Рич” ширкатест, ки ба сохтани зербунёдҳо ва раҳандозии манобеи коркарди пулҳои рақамӣ машғул аст ва соҳиби ширкати ношиносе бо номи “Ганҷ Технолоҷи” мебошад.

Бар асоси эъломи “Лайон Ҳолдинг Груп”, ширкати “Ганҷ Технолоҷи” ризоияту ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва 12 идораву вазоратҳоро ба даст овардааст. Марҳилаи аввали тарҳ ва ё “конҳои истихроҷи пули рақамӣ” дар яке аз манотиқи озоди тиҷоратии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Барои коркарди пулҳои диҷиталӣ, ки ҳоло на дар ҳама кишварҳои ҷаҳон қабул мешавад, компютерҳои қавӣ ва нерӯи барқи зиёд лозим аст. Вилсон Ванг, мудири “Лайон Ҳолдинг Груп” гуфтааст, ки “Тоҷикистон аз назари захираҳои об мавқеи хосе дорад, ки барои рушди саноати коркарди пули рақамӣ бисёр муҳим аст. ”

Дар Тоҷикистон нерӯи барқ дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа арзонтар аст, чун аз нерӯгоҳҳои обӣ ҳосил мешавад. Ба қавли Вилсон Ванг, дар сурати иҷрои тарҳ, раҳандозии коркарди пули рақамӣ дар Осиёи Марказӣ қадами дигари ширкати онҳо дар арсаи истихроҷ ва ё коркарди пули рақамӣ дар ҷаҳон мешавад.