Вокуниши Тоҷикистон ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иддаои вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар вокуниш нишон дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Чанде қабл Департаменти давлатии ИМА дар гузориши навбатии худ оид ба озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар қатори Чин, Русия, Туркманистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва ғайра дар феҳристи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» аз назари озодиҳои динӣ ҷой додааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин гуфтанд: «Мо борҳо дар мавриди чунин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем: ин гунна баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест».
Тазаккур дода шуд, ки ба хотири рафъи чунин сӯитафоҳум ҳоло Кумита гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то бо ҳузури онҳо ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ дода шавад.
Бештар бихонед: