Дидори вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав
(last modified Sun, 21 Nov 2021 05:14:23 GMT )
Ноябр 21, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав

Дар дидори вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Далер Ҷумъа ва Никалай Шулгинов дар ин дидор роҷеъ ба сатҳи феълии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин фаъолияти ширкатҳои нефтии Русия барои истихроҷи нефту газ дар Тоҷикистон, воридоти сухт аз Русия ва фаъолияти неругоҳи барқи Сангтудаи 1, ки 75 дарсади саҳмияи молии он дар ихтиёри Маскав аст, ҳам баррасӣ шуд.

Тарафҳо дар ин дидор бар зарурияти рафъи мавонеи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва афзоиши сармоягузории ширкатҳои русӣ дар тарҳҳои нефту газ ва неругоҳҳо дар Тоҷикистон такид карданд.