Коҳиши бардошти гандум дар Қазоқистон ва таъсири манфии он дар бозори Тоҷикистон
Бо коҳиши бардошти гандум дар Қазоқистон эҳтимоли афзоиши нархи ин маҳсул дар Тоҷикистон вуҷуд дорад .
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтаанд дар ин кишвар 16 миллиону 400 ҳазор тон гандум бардошт шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2020 ин мизон бардошт 16 дарсад коҳиш доштааст .
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон 90 дарсад аз гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад ва таи моҳҳои ахир нархи орд дар бозорҳои ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Акнун нархи ҳар халта орди 50 килограмӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 300 сомонӣ фурухта мешавад, ки ин нарх ду моҳ қабл 260 то 280 сомонӣ буд .
Тоҷикистон солона ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад, ки бахше аз он дар дохил тавлид ва бақия аз Қазоқистон таъмин мешавад.
Ҳамчунин мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд дар соли ҷорӣ аз киштзорҳои ин кишвар 685 ҳазор тон гандум бардошт шудааст, ки дар муқоиса бо соли қабл ҳудуди 50 ҳазор тон бештар аст .