Дидори вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
Дар дидори вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе равобити дуҷониба, аломатгузории марзи муштарак ва авзоъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши сомонаи АКИ пресс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Руслан Қазоқбоев, ҳамтои қирғизиаш, ки барои ширкат дар нишасти байналмиллалии Осиёи Марказӣ–Иттиҳодияи Аврупо ба Душанбе омадааст, дидору гуфтугӯ кард .
Дар ин дидор роҷеъ ба вазъи феълии равобити дуҷониба, идомаи нишасти гурӯҳҳои кории аломатгузории марзи муштарак ва авзоъи Афғонистон баҳсу табодули назар шуд . Ҳамчунин мавзӯи бозгушоии марзҳо, таъмини рафту омади васоити нақлия ва сокинони ду кишвар ва суръат бахшидан дар раванди аломатгузории марзҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз баҳори соли ҷорӣ ба далели даргирии хунини рӯзҳои 28-29 апрел ба таври комил баста шуда ва ҳаракати васоили нақлияи ҳавоӣ ва заминӣ низ қатъ гардидааст .
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди ду даҳа музокираи мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ фақат 519 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст .