Ноябр 23, 2021 11:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулони сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо мулоқот кард.

Ба гузориши дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеп Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ютта Урпилайнен, ҳамоҳангкунандаи умури байналмилали ин иттҳодия ва вазири молияи Финландия роҷеъ ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо, вазъияти Афғонистон ва натоиҷи ҳабдаҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе баҳсу табодули назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бар зарурияти густариши равобити Тоҷикистон бо Аврупо дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, омузишу парвариш, дармону беҳдошт ва рушди манотиқи рустоӣ таъкид кард. Тарафҳо бо баррасии вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ироаи кумакҳои башардустона ба мардуми ин кишварро аз муҳимтарин барномаҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо эълом карданд.

Дар ҳабдаҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе таҳкими мушорикати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи башар, коҳиши паёмадҳои тағйири иқлим ва корона ва ҳамчунин масоили минтақавӣ, аз ҷумла Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Барчасп