Ноябр 23, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Музокираи Комиссари олии паноҳандагони СММ бо мақомоти тоҷик

Комиссари олии паноҳандагони Созмони Милал эълом кард, дар ҳоли музокира бо мақомоти Тоҷикистон барои бозкушоии гузаргоҳи марзӣ ба рӯи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аст.

Ба гузориши яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Марказӣ, Комиссари олии паноҳандагони СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) бо баста шудани марзҳои Тоҷикистон ба рӯи паноҳҷӯёни афғонистонӣ мухолиф аст.

Ҳанс Фридрих, намояндаи минтақаии комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Дар ҳоли ҳозир 12000 паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, ки 6000 нафар аз онҳо дар авоили соли ҷорӣ бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Ин мақоми СММ афзуд: Музокирот бо мақомоти Тоҷикистон барои бозкушоии марзҳо идома дорад.

Вай идома дод, зеро ҳар кишваре муваззаф ба пазириши паноҳҷӯён бар асоси қонунҳои байналмилалӣ аст.

Аммо ӯ таъкид кард, ки ҳар кишваре ин интихобро дорад, ки паноҳандагонро бипазирад ё на.

Ҳанс Фридрих дар идома изҳор дошт: Дар ҳоли музокира бо мақомоти Тоҷикистон барои бозкушоии марзҳо ва судури асноди паноҳандагӣ ҳастем, зеро мақомоти Тоҷикистон аз тобистони соли ҷорӣ расидагӣ ба асноди паноҳҷӯёнро мутаваққиф кардаанд ва акнун паноҳандагон бидуни мадорики лозим боқӣ мондаанд.

Ӯ гуфт, ки аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки аз бозгардонидани паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварашон худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки комиссари олии паноҳндагони Созмони Милал (UNHCR) ҳафтаи гузашта гузориш дод ,ки мақомоти Тоҷикистон 11 нафар мард, зан ва кӯдакро дар 11 ноябр “ба зӯр” ба Афғонистон бозгардонидаанд.

Аз замони тасаллути Толибон бар Кобул садҳо афғонистонӣ ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон паноҳанда шудаанд ва ин раванд идома дорад.