Тақозои афзоиши муддати маҳкумияти зиндон барои як вакили ҳуқуқӣ дар Хатлон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i77284-Тақозои_афзоиши_муддати_маҳкумияти_зиндон_барои_як_вакили_ҳуқуқӣ_дар_Хатлон
Додситони шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон дархост кардааст, ки муддати маҳкумияти зиндонии вакили собиқ, 7 соли дигар изофа шавад.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 24, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тақозои афзоиши муддати маҳкумияти зиндон барои як вакили ҳуқуқӣ дар Хатлон

Додситони шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон дархост кардааст, ки муддати маҳкумияти зиндонии вакили собиқ, 7 соли дигар изофа шавад.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Сайднуриддин Шамсиддинов, ки соли 2020 ба иттиҳоми мушорикат дар фурӯшӣ ғайриқонунии замин ба 6 солу шаш моҳ зиндон маҳкум шуда буд, акнун муттаҳам ба ҳамкорӣ бо Гурӯҳи мамнуъаи 24 аст.

Мақомоти додситонии Хатлон муддаӣ ҳастанд вай бо номи мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷонибдорӣ аз Гурӯҳи 24 матлаб менавишт, ки бар зидди ин вакили собиқи мудофеи ҳуқуқ парвандаи нав ташкил шудааст.

Ҳарчанд, ки наздикони вакили Сайднуриддини Шамсиддинов ин иттиҳомро рад мекунанд.

Онҳо бо ирсоли номае ба Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз беадолатӣ ва фаъолияти ғайримунсифонаи додситонҳо ва додгоҳҳои вилояти Хатлон шикоят карда буданд.