Дастрасии сокинони Хуҷанд ба оби тозаи ошомиданӣ
Ҳудуди 180 ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд ба оби ошомидании тозаи беҳдоштӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Бо поёни бозсозии шабакаи обрасонии маркази вилояти Суғд 180 ҳазор сокини шаҳри Хуҷанд ба оби ошомидании беҳдоштӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, ин тарҳ бо кумаки молии 10 миллионевроии Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо ва кишвари Швейтсария иҷро шуд.
Рика Ийши, мудири дафтари Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи ин тарҳ гуфт: Иҷрои тарҳи бозсозии шабакаи обрасонии маркази вилояти Суғд яке аз муваффақтарин барномаҳои ҳамкории ин ниҳоди молии аврупоӣ бо Тоҷикистон аст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи бозсозии шабакаи обрасонии маркази вилояти Суғдро бо кумаки молии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар соли 2020 ба тасвиб расонда буд.
Бештар бихонед:
- Афзоиши табодулоти тиҷории Швейтсария бо Тоҷикистон
- Пешбинии Бонки Рушди Осиё дар мавриди коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон