Таъйини масъули иҷрои тафоҳумномаи роҳандозии сомонаи падофанди ҳавоии Русия бо Тоҷикистон
(last modified Wed, 24 Nov 2021 06:07:48 GMT )
Ноябр 24, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Таъйини масъули иҷрои тафоҳумномаи роҳандозии сомонаи падофанди ҳавоии Русия бо Тоҷикистон

Масъули назорат бар иҷрои тафоҳумномаи роҳандозии сомонаи падофанди ҳавоии Русия бо Тоҷикистон таъйин шуд.

Раиси Ҷумҳурии Русия масъули иҷроии тафоҳумномаи ташкили воҳиди падофанди ҳавоӣ дар Тоҷикистонро таъйин кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бо фармони Владимир Путин генерал Николай Панков, муовини вазири дифои Русия масъули назорат бар иҷрои ин созишнома хоҳад буд.

Ҳадаф аз ин иқдом афзоиши тавони муқобила бо таҳаррукоти душман барои вуруд ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва дифоъ аз марзи ҳавоии ин кишвар эълом шудааст.

Ба далели фосилаи зиёд миёни Тоҷикистон ва Русия тасмим гирифта шудааст, ки сомонаи падофанди ҳавоии муштарак миёни Душанбе ва Маскав ба унвони бахше аз барномаи дифои ҳавоии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви ИДМ фаъол шавад.

Тавофуқномаи ташкили ин сомона 27 апрели соли ҷорӣ дар сафари генерал Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Душанбе имзо шуд.