Ноябр 24, 2021 14:23 Asia/Dushanbe
  • Сафари намояндагони 60 ширкати Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳри Душанбе

Намояндагони 60 ширкати Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Ба гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадаф аз сафари ин гурӯҳ, ошноии сармоягузорони кореяӣ бо фазои сармоягузорӣ ва фурсатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин барқарории иртибот байни маҳофили тиҷории ду кишвар аст.

Дар ин ҳамоиш намояндагоне аз бахшҳои саноат, фанноварии иттилоот ва иртиботот, гардишгарӣ, пизишкӣ ва хадамоти Кореяи Ҷанубӣ ширкат карданд.

Интизор меравад, ки дар ин сафар дар мавриди авлавиятҳои тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ табодули назар шавад.

Намояндагони кореяӣ аз ширкатҳои санъатии Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода боздид карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп