Оташсузӣ дар корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Мастчоҳ
Ноябр 25, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
Чанд соат аст, ки хадамаи 20 гуруҳ оташнишон наметавонанд оташсузи дар корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ дар вилояти Суғдро хомӯш кунанд.
Ба гузориши сомонаи Осиё Плюс ин оташсузӣ аз соати 2:30 дақиқаи бомдод рух дод ва талоши оташнишонҳо то лаҳзаи интишори ин хабар барои хомуш кардани оташ бенатиҷа буда аст.
Гуфта мешавад, ки масоҳати ин корхона 400 метри мураббаъ ва мутааллиқ ба ширкати Музафар ва молики он фарде ба номи Салим Мирзоев аст.
Ҳануз дар бораи иллати вуқуъи ин оташсузӣ ибрози назар нашуда аст.
Бинобар эълом коргарони корхона беш аз 1 ҳазору 400 тонн пахтаи коркард шуда дар анборҳои ин корхона нигаҳдори мешавад.
Барчасп