Ноябр 25, 2021 11:53 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти мизони рушди иқтисодии Тоҷикистон ба даврони пеш аз густариши корона

Мизони рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳамонанди даврони пеш аз густариши корона шуд.

Коршиносони Бонки Рушди АвруОсиё эълом карданд, иқтисоди Тоҷикистон бо пушти сар гузоштани авоқиби зиёнбори густариши Ковид-19 дар нимаи нахусти соли ҷорӣ рушди иқтисодии худро ба даврони қабл аз корона бозгардонд.

Ба гузориши сомонаи Спутник пешбинӣ мешавад, ки дар охири соли 2021 иқтисоди Тоҷикистон ба рушди 7.9 дарсадӣ бирасад.

Коршиноси Бонки Рушди АвруОсиё муътақиданд дар соли 2022 низ бо беҳбуди фазои касбу кор дар Тоҷикистон ин кишвар рушди иқтисдии 6 то 7 дарсадиро таҷруба хоҳад кард.

Ҳамчунин заминаи афзоиши ирсоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар соли 2022 бо беҳбуди мудирияти бемории Ковид-19 вуҷуд дорад, ки метавонад сабаби коҳиши таварум аз 8.3 дарсади феълӣ ба 6.3 дарсад шавад.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки иқтисоди Русия, Беларусия, Тоҷикистон ва Қазоқистон ба шохиси рушди даврони пеш аз корона бозгашта аст.

 

Барчасп