Тахриби ду бозори бузурги шаҳри Душанбе
Бар асоси тасмими шаҳрдории Душанбе сохтумони ду бозори бузурги Султони Кабир ва Осиё тахриб ва касабаи ин ду маркази тиҷорӣ ба ҷой дигаре мунтақил мешаванд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ҳадаф аз ин иқдом сохти марокизи хадамоти дармонӣ ба ҷои ин ду бозор эълом шудааст. Аз ин рӯ, ба касабаи ин ду маркази тиҷорӣ эълом шуда, ки аз аввали моҳи марти соли 2022 фаъолияти онон мамнуъ хоҳад шуд ва бояд ба бозори ҷадид бо номи Кушониён дар шимоли шаҳри Душанбе нақли макон кунанд.Касабаи ду бозори ёдшуда масолеҳи сохтумонӣ, лавозими хонагӣ , мебел ва қатаъоти худрав мефурӯшанд.Шаҳрдории Душанбе бар асоси тарҳи тавсеа ва бозсозии пойтахти Тоҷикистон тасмим ба тағйири ному бозсозии бархе аз хиёбонҳо ва кучаҳо гирифтааст.