Ноябр 26, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Таъйиноти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикстон бо имзои фармонҳое теъдоде аз раисону мансабдоронро барканор ва афроди дигареро ба ҷои онон таъйин кард.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Амирзода Дилафрӯз Субҳон ба унвони раиси ширкати телевизиони давлатии Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъйин шуд.

Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз низ раиси шабакаи телевизионии кӯдак ва навҷавони Баҳористон ва Бахтовари Сайфуллоҳ раиси шабакаи телевизионии мусиқии Шаҳнавозро бар уҳда гирифтанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими муаррифии раисони нав гуфт: Коркунони ҷавону масъулиятпазир бояд аз фанновариҳои ҷадид барои иртиқои дониши худ истифода кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳама бояд содиқонаву масъулона, манофеи миллату кишварро болотар аз ҳамаи манофеи дигар қарор диҳанд ва бо қалбе пок дар хидмати манофеи давлат ва миллат бошанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп