Ноябр 28, 2021 10:13 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани чанд нафар бар асари тирандозӣ дар Хоруғ

Дар идомаи рӯёрӯии муътаризон бо неруҳои амниятӣ дар майдони марказии шаҳри Хоруғ чанд нафар захмӣ шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Алишер Мирзонабот- раиси вилояти Бадахшон пас аз суханронӣ дар ҷамъи муътаризон ба далели партоби санг маҷрӯҳ шуд .
Алишер Мирзонаботро Далер Ҷумъа-вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Хурсанд Мазоров-яке аз чеҳраҳои саршиноси Бадахшон ҳамроҳӣ мекарданд.
Гуфта мешавад, ки дар тирондозии неруҳои амниятӣ ба сӯии муътаризон теъдоде захмӣ шудаанд .
Алишер Мирзонабот аз муътаризон хоста буд, ки пароканда шаванд ва роҳҳоро боз кунанд, ки бо мухолифати таҷаммуъкунандагон рӯбарӯ шуд .Акнӯн ин эътирозот сеюмин рӯзро пушти сар гузошт.
Намояндагони муътаризон хостори судури муҷаввизи расмӣ барои идомаи эътирозот шудаанд, ки мақомоти вилояти Бадахшон бо ин дархост мухолифат кардаанд .
Раиси вилояти Бадахшон гуфт : Ихтиёроти қонунӣ барои шиносоӣ ва муҷозоти неруҳои амниятӣ ва интизомӣ, ки муттаҳам ба куштани се нафар аз муътаризон ҳастанд ,надорад .
Мақомоти додситонии Бадахшон ва муътаризон дар бораи ин ҳаводис дидгоҳи худро иброз кардаанд, ки аз якдигар мутафовит аст .
Мақомоти амниятӣ далели кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, яке аз муътаризонро даст доштанаш дар ҷиноятҳое ҳамчун гаравгонгирӣ, таҳрики хусумати иҷтимоӣ ва нажодӣ эълом мекунанд .
Аммо муътаризон кушта шудани вай ва ду нафари дигар дар майдони шаҳри Хоруғро барқасдона медонанд .
Гуфта мешавад, ки интернет ва телефони дастӣ дар вилояти Бадахшон қатъ аст .

 

Барчасп